Даври дувуми интихоботи президентии Лаҳистон, якшанбе, 1 июн оғоз шуд. Интихобот, ки бо ҳассосиятҳои зиёде пайгирӣ мешавад, метавонад паёмадҳои муҳиме барои нақши ин кишвар дар Аврупо дошта бошад.
Пит Ҳегсет, вазири дифои Амрико рӯзи 31 май дар нишасти амниятии "Гуфтугӯи Шангри-Ла" дар Сингапур ҳушдор дод, ки Чин дар ҳоли омодагӣ барои истифода аз нерӯи низомӣ дар Осиё аст. Ӯ афзуд, таҳдиди Чин "воқеӣ" ва "мумкин аст қарибулвуқӯъ" бошад.
Президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, раҳбари Русия Владимир Путин “комилан девона шудааст.” Дар як изҳороти бесобиқа тундлаҳнаш дар робита бо Путин дар заминаи ҳамлаҳои пурқурбонии артиши Русия дар хоки Украина, Трамп ӯро рӯзи 25 май дар шабакаи иҷтимоиаш Truth Social ба шиддат танқид кард.
Як таҳқиқ маълум кардааст, ки моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ чандин сохтори ҳукуматӣ ва муассисаҳои таълимӣ дар Тоҷикистон мавриди ҳамлаи рахнагарони вобаста ба Русия қарор гирифтаанд.
Варзишгарзанони афғон, ки аз дасти ҳукумати Толибон дар Покистон панаҳ бурдаанд, ҳоло аз фақр, набуди шароит барои тамрин ва номуайян мондани парвандаву мақомашон дар ин кишвар нигаронанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи душанбе гуфт, ки Русия ва Украина барои хотима додан ба ҷанги сесола бе ҳеч таъхире ба музокирот доир ба оташбас оғоз мекунанд. Ӯ дар ин бора пас аз гуфтугӯи дувунимсоатаи телефонӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия сӯҳбат кард.
Додгоҳи олии Амрико талоши президент Доналд Трампро барои иҷрои қарораш дар бораи лағви ҳаққи шаҳрвандӣ бар асоси таваллуд ба баҳс кашид.
Вақте хонаводаи Колесниченко хабар ёфт, ки дар хонаи онҳо одами ношинос зиндагӣ дорад, дарк карданд, ки Русия дар ғайби онҳо моликияташонро мусодира кардааст.
Ёфтҳои бештар